предлагает Вам запомнить сайт «»
Вы хотите запомнить сайт «»?
Да Нет
×
Прогноз погоды
Гуфрон Усмонов Поделился записью Наша позиция
ЭТОМУ ССЫНУ ЗАПРЕЩАТ ВЪЕЗД В РОССИЮ..., И БОЙКОТИРОВАТЬ ВСЕ ФИЛЬМЫ С ЕГО УЧАСТИЕМ...

Действия

0
Показать предыдущие комментарии (показано %s из %s)
Показать новые комментарии
Гуфрон Усмонов
Изменил свое образование на "Высшее"

Действия

0
0
Показать предыдущие комментарии (показано %s из %s)
Показать новые комментарии
Гуфрон Усмонов Поделился записью
ИЛМУ ДОНИШ ДАР КУРЪОНИ КАРИМ...
Миргиёс Ахроров
Донишомӯзӣ !!!
Медонем, ки Худованд малоикро аз нур офарида, ба онҳо ақлу нерўи фармонбардорӣ дода, асбобу ангезаҳои инҳирофро (аз дин баромадан) дар ихтиёрашон қарор надодааст. Аз тарафи дигар ҳайвонотро офаридааст, ки танҳо аз ғазоиру кўшишҳои ҳайвонии хеш пайравӣ менамоянд ва аз нерўи ақлу андеша ҳамчу инсон кардан маҳрум мебошанд. Аммо инсонро офаридааст: аз як тараф ба ў тавоноии ақл ва андешиданро дода, аз тарафи дигар ангезаҳо ва асбоби хостаҳои нафсонӣ ва ҳайвониро дар ихтиёраш қарор додаст. Ба ҳамин хотир ду нерўӣ дарунӣ, ақлонӣ ва хайрхоҳӣ , нафсонӣ ва шарорат (бадӣ) ўро ба тарафи худ мекашонанд. Дар ҳамин иртибот аст, ки Ислом ба нақшу манзалати илм дар ҷиҳати тақвияти ҷанбаи хайрхоҳии инсон ишора намуда, ба касби илму дониш мардумро сафарбар месозад.
Илму дониш дар Қуръони карим:
-Қуръон дар эҳтиром ба илму олимон ва баландӣ бахшидан ба манзалати соҳибони илму андеша пешгому парчамдори ҳамаи китобҳои адёни осмонист.
-Худованди баландмартаба дар Қуръони карим мефармояд: «танҳо огоҳону донишмандон, ки ба ростӣ, аз Худованд метарсанд» (сураи «Фотир», ояти 28). Ба ин маъно, ки танҳо олимон ва огоҳоне, ки ба мақому манзалати Худованд огоҳии ростӣ доранд, ҳаросе дар дил доранд. зеро огоҳии ҳақиқӣ хашият (тарс)- ро дар пай дорад.
-Худованди мутаол дар ҷойи дигаре мефармояд: «бигў: оё онҳое, ки медонанд ва онҳое, ки намедонанд баробаранд?
Ин танҳо андешамандонанд, ки мутазаккир мешаванд»(сураи «Зумар», ояти 9).
-Ислом аз паси касбу илму дониш рафтанро яке аз воҷибот мешуморад, ва аввалин оятҳои қуръонӣ, ки нозил шудаанд бо «хондану қаламу илм» оғоз шудааст.
Илму дониш дар аҳодиси набавӣ:
-Аҳодиси набавӣ ҳамаи оёти қуръониро, ки ба ҷойгоҳи илм ва манзалати уламо марбут мебошанд, мавриди таъкид қарор дода, аҳамият ва хусусиятҳои онро баён доштааст.
-Аз Расули Худо (с) ривоят шудааст: «чунончи Худованд ба касе иродаи хайр дошта бошад ба вай дар умури дин дониш медиҳад» (Имом Бухорӣ ва Имом Муслим). Дар ҳадиси машҳури дигари Расули акрам (с) омадааст: «Зи гаҳвора то гўр талаби илм кун».
-Ҳамчунин аз Муовия (р) ривоят аст, ки гуфт: «аз Паёмбари Худо (с) шунидам, ки фармуданд: «касе, ки Худованд барояш иродаи хайр дошта бошад, барои вай дар умури дин дониш медиҳад. Ман тақсим мекунам ва Худованд медиҳад ва ин уммат то зуҳўри нишонаҳои қиёмат бар амри Худованд пойбанд хоҳад буд ва мухолифати дигарон зараре ба эшон намерасонад» (Имом Бухорӣ).
-Ҳамчунин дар ҳадиси дигаре Паёмбар(с) мефармояд: «олимон меросбарони паёмбаронанд». Ин ва дигар ҳадисҳое, ки дар боло зикр кардем аҳамият ва ҷойгоҳи илму донишро мефаҳмонад. Ҳадисҳо дар ин мавзўъ хеле ва хеле зиёд аст, лекин мо ба ин қадар иктифо мекунем ва шахсоне, ки ҳадисҳои зиёдтарро дар ин мавзўъ хонданӣ ва фаҳмиданӣ бошанд метавонанд ба «Китоби илм»-и «Саҳеҳ Бухорӣ» муроҷиат кунанд.
Ҷойгоҳ ва манзалати илм назди бузургон:
-Аммо манзалат ва ҷойгоҳи илм дар назди бузургони Ислом ба ин гуна баён шудааст: ҳазрати Алӣ (р) ҳангоми хитоб ба Кумайл ибни Зиёд мефармояд: «эй Кумайл бидон, ки илм нигаҳбони ту ва ту нигаҳбони молу сарватӣ, илм ҳокиму довар ва дороӣ маҳкуму мавриди қазоват қарор мегирад. Харҷу сарф намудан аз миқдори сарват мекоҳад, аммо инфоқу додани илм ба дигарон онро бештару холистар мегардонад».
-Имом ибни Қайими Ҷавзӣ ин суханони санҷидаи ҳазрати Алӣ (р) — ро, ки дар воқеъ гуле баргирифта аз гулистони нубувват мебошад, дар китоби «Мифтоҳ дор-ус-саода» бисёр зебо шарҳ додаст. Суханони бузургон дар ин бобат хело зиёд аст аммо наметавонем ҳамаи онро дар ин мақолаи кўчаки худ пешкаши шумо намоем ва ба ҳамин қадар иктифо мекунем.
Манфиатҳои безаволи илм:
-Яке аз хусусиятҳои илму дониш ин давомдор будани манфиатҳои он ва аҷру подоши он, ҳатто пас аз марг, барои инсон давомдор аст. Аз Абўҳурайра (р) ривоят шудааст, ки: «ҳаргоҳ умри инсон ба поён расад, кору амали ў ба ҷуз дар се маврид ба поён намерасад: яке: садақаи ҷория (эҳсону накўие, ки идома пайдо мекунад); дуввум: илме, ки мавриди истифода қарор бигирад; саввум: фарзанди пок ва парҳезгоре, ки барои ў дуои хайр намояд» (Имом Муслим).
-Ҳофизи Манзарӣ мегўяд: «касе, ки илми судмандеро ба дигаре биомўзад ва нусхабардорӣ бинамояд подоши худ ва подоши ҳамаи касоне, ки онро меомўзанд ё нусхабардорӣ мекунанд ва онҳое, ки ба он пас аз ў амал мекунанд, то замоне, ки он илм боқӣ мемонад ва ба он амал мешавад, подоши нависанда ва нақлкунандаи он боқӣ мемонад. Ҳамчунин касоне, ки чизҳои ғайри муфидро менигоранд ва ба роҳҳои гуногун онро дар ихтиёри мардум қарор медиҳанд, гуноҳи он ва гуноҳи касоне, ки онро мехонанд ва нусхабардорӣ мекунанд ва пас аз ў ба он амал менамоянд, то замоне, ки он дониш ва он василаи гуноҳ ва амал ба он вуҷуд дошта бошад, идома пайдо хоҳад кард» (ал-Мунтақӣ мин тарғиб ва тарҳиб ҷ.1; с.125).
Фазилати илм:
-Фазилатҳо ва арзишҳое, ки илм дорад ин аст, ки дар пешо-пеши амал қарор дорад ва инсонро ба амалгароӣ раҳнамоӣ менамояд.
-Дар ҳадиси машҳуре дар бораи фазилати илм аз ҳазрати Муъоз ривоят мешавад, ки он ҳазрат (с) мефармояд: «илмро биомўзед, зеро фарогирии он худошиносӣ, касби он ибодат, мудорасааш зикру тасбеҳ, таҳқиқу баррасиаш ҷиҳод, омўзиши он садақа ва бахшиши аз он муҷиби наздик шудан ба Худованд мешавад».
-Яке аз фазилатҳои дигари илм бар асоси он чи дар аҳодис ба исбот расида, бартарӣ ва фазли он бар ибодат ва муқаддам будани олимон бар обидон аст. Дар ҳадиси машҳури Абўдардо омадааст: «фазлу бартарии олим бар обид монанди бартарии моҳи шаби чаҳордаҳ бар дигар ситорагон аст» (ба ривояти Имом Аҳмад ва асҳоби «Сунан»).
-Дар ривояте, ки Абўимома нақл менамояд омадааст: «фазли олим бар обид монанди фазилати ман бар поёнтарини шумост» («Саҳеҳи ҷомеъ-ус-сағир»).
-Аз он ҷиҳат илму дониш бар ибодат бартарӣ дода шудааст, ки манфиатҳои илм шомили олим ва дигарон низ мешавад, аммо манфиатҳои ибодат бошад танҳо мунҳасир ба худи ибодатгузор асту бас. Ба ибораи дигар хайру дастоварди ибодат танҳо мутааллиқ ба ибодаткунанда буда, манфиатҳои илм бошад фарогири ҳамагон аст.
-Ташвиқу тарғиб нисбат ба илмомўзӣ дар Ислом то ба онҷост, ки Паёмбар (с) рашк бурданро дар илму ҳикмат иҷозат медиҳад. Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) ривоят аст, ки мегўяд: Паёмбари Худо (с) фармудаанд: «Рашк бурдан танҳо дар ду чиз равост: яке ба шахсе, ки Худованд барояш мол ва дороӣ дода, ўро қодир сохтааст, ки он молро дар роҳи хайр сарф намояд. Дуввум ба касе, ки Худованд барояш ҳикмат ва дониш арзонӣ доштааст ва ў бо ин ҳикмату дониш дар байни мардум қазоват мекунад ва онро ба дигарон меомўзад.

Действия

0
Показать предыдущие комментарии (показано %s из %s)
Показать новые комментарии
Гуфрон Усмонов Поделился записью Новостной Журнал
СКЫРИННИК И ЕЕ ЗАСЛУГИ ПЕРЕД РОССИЙСКОЙ АГРАРНОМ СЕКТОРЕ.

Действия

0
Показать предыдущие комментарии (показано %s из %s)
Показать новые комментарии
Картина дня